Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Мануэл Микаллер

Бойгонии ахбор
22.07.2023

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Мануэл Микаллер

Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер, ки 21 июли соли 2023 баргузор гардид, густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва кумаки техникӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар оғози мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар доираи амалӣ намудани лоиҳаҳои Ҳукумати ИМА дар самти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкии мамлакат арзи сипос намуд. 

NBTL9339.JPG

Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки зарурати тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба фаро расидааст ва кушишҳои муштараки мо натиҷаҳои хуб ба бор оварда, дар ниҳояти кор онҳо барои рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. 

Ҷаноби Мануэл Микаллер қайд кард, ки тайи солҳои охир нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ рушди назаррас дошта, муътадилии сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ нигоҳ дошта шудааст. 

NBTL9318.JPG

Инчунин, ҳангоми вохӯриҳо дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони хурду миёна, хусусан ба бонувони соҳибкор маълум гардид, ки дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ, гирифтани қарзҳо ҷиҳати рушди фаъолияташон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. 

Аз ҷониби худ, иброз дошт ӯ дар идомаи суҳбат, мо барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти масъалаҳои мавриди назари тарафҳо омода ҳастем. Дар маҷмӯъ, вохӯриҳои мо муҳим ва саривақтӣ мебошанд, зеро дар асоси онҳо, тасмим гирифтаем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳем.

Дар зимн Ҳоким Холиқзода таъкид кард, ки бо мусоидати Сафорати ИМА дар давоми чанд соли охир Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпуси волонтёрон оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ ҳамкорӣ намуд, ки дар натиҷа дар ин давра ду марҳилаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯи лоиҳаи “Баланд бардоштани тамомияти молиявӣ ва таҳкими суботи молиявӣ ва дастрасӣ дар Тоҷикистон” дар амал татбиқ карда шуд. Дар рафти татбиқи онҳо масъалаҳои таҳкими суботи молиявӣ, васеъ кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани муқаррароти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) ва арзёбии сифати аудити дохилӣ ҳалли худро ёфта, бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат зиёда аз 20 чорабинии таълимӣ гузаронида шуд.

NBTL9365.JPG

Дар ҷараёни мулоқот изҳор гардид, ки айни замон, кор дар самти татбиқи марҳилаи сеюми кумаки техникӣ, ки ба беҳтар кардани мониторинг, таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ равона шудааст, идома дорад, ки ба арзёбӣ ва андешидани чораҳои мушаххас оид ба коҳиш додани хавфҳо дар низоми молиявӣ мусоидат мекунад.

Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо Департаменти хазинадории ИМА ҳамкории зич дорад. Барои мисол, тасдиқи кумаки техникии Департаменти хазинадории ИМА дар соли 2021 барои рушди бахши суғурта тариқи гузаронидани таҳлили бозори суғуртаи кишвар, таҳкими назорат аз болои ташкилотҳои суғурта, омода намудани ҳисобот барои низоми суғурта ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, намунаи хуби ҳамкориҳои судманди тарафҳо ба шумор меравад.

NBTL9356.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода изҳори умед намуд, ки ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА дар самтҳои барои Бонки миллии Тоҷикистон муҳим ва зарур, аз қабили ҷалби кумаки техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати нигоҳ доштани субот дар бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ, беҳтар кардани заминаи сиёсати макропруденсиалӣ ва арзёбии хавфҳои низом, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими назорати фаъолияти низоми пардохт, дар амал татбиқ намудани бандҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ идома меёбад.

Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳандозӣ ва рушди муносибатҳои байнибонкӣ бо бонкҳои ИМА таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. 

Таъкид гардид, ки бинобар сабаби баргузор гардидани машваратҳои дуҷониба дар тирамоҳи соли ҷорӣ, Сафорати ИМА ҷиҳати ба рӯзномаи ҷаласаи машваратии мазкур ворид намудани масъалаи рушди муносибатҳои муросилотӣ байни низомҳои бонкии ИМА ва Тоҷикистон мусоидат намуд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории судманду муколамаи ошкоро изҳор доштанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку