Вокуниш ба мақолаи шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим аз санаи 21 июли соли 2023 дар саҳифаи Фейсбук “АХБОР БАРОИ АФКОР/ИНФОРМАЦИЯ К РАЗМЫШЛЕНИЮ” оид ба мушкилии интиқоли маблағ ба Ҷумҳурии Туркия

Бойгонии ахбор
29.07.2023

Вокуниш ба мақолаи шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим аз санаи 21 июли соли 2023 дар саҳифаи Фейсбук “АХБОР БАРОИ АФКОР/ИНФОРМАЦИЯ К РАЗМЫШЛЕНИЮ” оид ба мушкилии интиқоли маблағ ба Ҷумҳурии Туркия

Бонки миллии Тоҷикистон мақолаи Мирбобо Мирраҳимро, ки 21 июли соли 2023 дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

Тавре аз маълумотҳои аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ дастрасгардида бармеояд, шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худ мехост аз номи шахси сеюм (ҳамсари худ) маблағи 29 евроро ба Ҷумҳурии Туркия тариқи низоми пардохтии “Юнистрим” интиқол диҳад. Бо ин мақсад ӯ ба 4 ташкилоти қарзии молиявӣ КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Алиф Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата” муроҷиат кардааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим барои анҷом додани интиқоли маблағ бо шиносномаи ҳамсараш, ки ҳузур надоштааст, ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намудааст.

Ҳангоми муроҷиат ба ҶСК “Бонки Эсхата” баъди он ки кормандони масъули ин бонк ба ӯ фаҳмонидаанд, ки бонк барои анҷом додани амалиёти интиқолӣ маҳдудиятҳо дорад, номбурда ба маркази хизматрасонии ҶСК “Ориёнбонк” муроҷиат мекунад. Кормандони ҶСК “Ориёнбонк” ба шаҳрванд оид ба таҳримҳои иқтисодии нисбат ба оператори низоми пардохтии “Юнистрим” ҷоришуда маълумот дода, ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардидаро манзур намояд ва барои анҷом додани интиқоли маблағ бо асъори евро аз хизматрасонии низоми SWIFT истифода барад. Дар ҷавоб ба ин пешниҳод муштарӣ норозигӣ баён намуда, маркази хизматрасонии бонки номбурдаро тарк менамояд.

Сипас, соати 16:50 дақиқа шаҳрванд ба МХБ-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар н. И.Сомонӣ муроҷиат намудааст, ки дар ин вақт тибқи тартиби муқарраршуда хазинаи бонк соати 16:00 фаъолияташро қатъ карда, аз соати 16:00 то 17:00 машғули қабули басти (смена) бегоҳирӯзӣ будааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин маврид ҳам шаҳрванд барои анҷом додани амалиёти интиқоли маблағ ба Ҷумҳурии Туркия бо шиносномаи ҳамсараш бе ҳузурии шахсии ӯ ба КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ҳозир шудааст. Инчунин, бо сабаби надоштани мавқеи асъорӣ дархости шаҳрванд барои мубодила намудани евро аз ҷониби корманди дигари МХБ рад гардидааст.

Азбаски, пешниҳоди ҳуҷҷати шахси сеюм барои интиқол додани маблағ хилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Дастурамали №204-и Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ" мебошад, бинобар ин ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом додани амалиёти интиқоли маблағро рад намудаанд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки айни замон тавассути низомҳои пардохтии “Контакт”, “Вестерн Юнион” ва “Юнистрим” интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир буда, низомҳои пардохтии Вестерн Юнион бо доллари ИМА, Контакт бо рубли русӣ ва доллари ИМА ва “Юнистрим” (пас аз таҳримҳо) бо рубли русӣ интиқоли маблағро бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои шадиди давлатҳои Ғарб нисбат ба субъектҳои иқтисодии Федератсия Россия ҳисоббаробаркунӣ бо операторҳои низоми пардохтии ин давлат бо доллари ИМА ва евро душвор ё пурра ғайриимкон гардид. Вобаста ба мушкилоти ба миён омада, операторҳои низоми пардохтӣ хизматрасониро бо баъзе асъори хориҷӣ, аз ҷумла, евро қатъ намуданд.

Сарфи назар аз ин, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи душвори геосиёсӣ нигоҳ накарда, шароити мусоид фароҳам овардааст ва айни замон шаҳрвандон метавонанд интиқоли маблағро бо асъорҳои хориҷии доллари ИМА, евро ва рубли русӣ тавассути низоми SWIFT бо истифода аз суратҳисобӣ бонкӣ тариқи корти пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, инчунин замимабарномаҳои мобилӣ бемамониат анҷом диҳанд.

Қобили қайд аст, рӯзи 28 июли соли 2023 зимни мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон даъват гардида буд, дар ҳузури мутахассисони низоми пардохти бонк қазияи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Зимни мулоқот ба шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар доираи қонунгузории ҷорӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Дастурамали №204-и Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ" маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар натиҷаи баргузор гардидани мулоқоти судманд ва кушоду равшан ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳар амалиёти бонкие, ки аз ҷониби муштариён амалӣ карда мешавад, бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи низоми бонкдории кишвар анҷом дода шавад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку