БМТ: Нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Бойгонии ахбор
08.08.2023

БМТ: Нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

11 августи соли 2023 тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2023, №26/10-249 бо иштироки намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 баргузор мегардад.

08.08.2023.jpg

Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷи кишвар ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти заруриро қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ нашр менамоем.

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти
низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2023

Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро барои татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Сиёсати монетарӣ
Сатҳи таваррум муътадил аст

Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи таваррум 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 2,9 фоиз ба амал омада, хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 0,4 фоиз раванди коҳишёбӣ дошт.

Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҷиҳати идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ-қурбӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 50 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро ба маблағи 3,7 млрд. сомонӣ баргузор намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми он 10,7 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 700 млн. сомониро ташкил менамояд.

Меъёри бозтамвил, ки ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ аз аввали соли 2023 тадриҷан ба андозаи 3,0 б.ф. паст карда шуда, дар сатҳи 10,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Вазъи бозори дохилии асъор муътадил гардид

Дар нимсолаи якуми соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро тибқи реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод. Дар моҳҳои январ-июни соли 2023 қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ 7,0 фоиз (аз 10,2024 сомонӣ дар санаи 31.12.2022 то ба 10,9140 сомонӣ дар санаи 30.06.2023) баланд шудааст.

Қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА бошад, нисбати сомонӣ дар ин давра ба 10,7 сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9,0 фоиз паст мебошад.

Агар ба вазъи иқтисоди ҷаҳон дар ин давра назар андозем, маълум мегардад, ки қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати доллари ИМА тағйир ёфтаанд. Барои мисол, қурби тангаи Қазоқистон 1,8 фоиз устувор ва қурбҳои лираи Туркия 38,1 фоиз, рубли Федератсияи Россия 23,7 фоиз, рубли Беларус 10,8 фоиз, юани Чин 5,1 фоиз, суми Узбекистон 2,3 фоиз ва соми Қирғизистон 1,8 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.

Низоми бонкӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 30 июни соли 2023 дар маҷмӯъ 64 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 26 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 881 адад баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 33 адад зиёд шуд.

Афзоиши ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоя таъмин гардид

Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба андозаи 33,5 млрд. сомонӣ ва 26,5 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 33,1 фоиз (ё 8,3 млрд. сомонӣ) ва 37,4 фоиз (ё 7,2 млрд. сомонӣ) афзоиш ёфтаанд.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 30 июни соли 2023 ба 7,0 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта ба 1,1 млрд. сомонӣ ё 18,9 фоиз зиёд шудааст.

Пасандозҳо 47, 9 фоиз зиёд шуданд

Ба санаи 30 июни соли 2023 бақияи умумии пасандозҳо 17,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 фоиз зиёд мебошад. 

Қобили қайд аст, ки аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи он бо пули миллӣ 52,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 47,7 фоизро ташкил намуд, ки аз паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ шаҳодат медиҳад.

Агар ба таркиби бақияи умумии пасандозҳо назар андозем, 7,7 млрд. сомонӣ ё 45,1 фоизи он ба шахсони ҳуқуқӣ ва 9,3 млрд. сомонӣ ё 54,9 фоиз ба шахсони воқеӣ рост меояд.

Ҳаҷм ва теъдоди қарзҳои додашуда афзоиш ёфтанд

Тавре маълум аст, маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.

Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли 2023 маблағи 9,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,7 млрд. сомонӣ ё 42,1 фоиз афзудааст. 

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба бахшҳои истеъмолот 40,0 фоиз, кишоварзӣ 15,3 фоиз, савдои хориҷӣ 11,5 фоиз, саноат 18,2 фоиз, хизматрасонӣ 6,8 фоиз, сохтмон 3,8 фоиз, нақлиёт 0,6 фоиз ва дигар соҳаҳо 3,8 фоиз рост меояд. 

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 41,5 фоиз ё маблағи 3,8 млрд. сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли равон маблағи 6,4 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,4 фоиз зиёд мебошад.

Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2023 бо пули миллӣ 23,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 0,7 б.ф. кам ва бо асъори хориҷӣ 0,3 б.ф. зиёд гардиданд.

Фаъолияти босуботи низоми бонкӣ таъмин гардид

Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ба санаи 30 июни соли 2023 24,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда 12,4 б.ф. зиёд мебошад.

Меъёри пардохтпазирии низоми бонкӣ то 30 июни соли 2023 ба 84,5 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда 54,5 б.ф. зиёд мебошад.

Дар ин давра қарзҳои ғайрифаъол 11,4 фоизи сандуқи қарзиро ташкил доданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 б.ф. коҳиш ёфтааст.

Дар маҷмуъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба интиҳои моҳи июни соли 2023 бо фоида ба маблағи 747,4 млн. сомонӣ ҷамъбаст гардид.

Даромаднокии дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ 4,5 фоиз ва даромаднокии сармояи он бошад, 21,3 фоизро ташкил намуд. 

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва танзиму назорати фаъолияти бонкӣ ташкилотҳои қарзии низомсоз (БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата”) ва ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз (ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”)-ро барои соли 2023 муайян ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023 тасдиқ намуд.

Низоми пардохт

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба 17 фоиз расида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 банди фоизиро ташкил дод. Шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 5,9 млн. ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 7,5 млн. ададро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,6 млн. адад (52,6 фоиз) афзоиш ёфт.

Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ дар маҷмуъ 1 947 банкомат ва 7 434 терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи банкоматҳо 418 адад ва теъдоди терминалҳои электронӣ 1 661 адад зиёд шуданд. Аз шумораи умумии терминалҳои электронӣ 2 797 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 4 640 адад дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар ҷойгир карда шудаанд.

Илова бар ин, то 30 июни соли 2023 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 20 051 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5 226 адад (35,3 фоиз) зиёд аст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 21,8 млн. амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 5,5 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз рӯи шумора 52,1 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 83,2 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи қонун баррасӣ шуданд

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва иҷрои он пайваста зери назорати қатъии Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Вобаста ба ин, дар нимсолаи якуми соли равон 685 муроҷиат, аз ҷумла 46 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои давлатӣ, 55 муроҷиати хаттӣ, 407 муроҷиат тариқи телефони боварӣ, 173 муроҷиат ҳангоми қабули шаҳрвандон ва 4 муроҷиат тариқи почтаи электронӣ ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон нисбати онҳо дар доираи ваколатҳои худ чораҳои дахлдор андешид.

Сиёсати кадрӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби бештари занону духтарони соҳибтахассус ва соҳибтаҷриба ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳо диққати махсус медиҳад. 

Тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 30 июни соли 2023 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 7 306 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 3 727 нафар бонувон бевосита ба хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон машғул ҳастанд ва аз онҳо 504 нафарашон корманди роҳбарикунанда мебошанд (19,5 фоиз аз шумораи умумии вазифаҳои роҳбарикунанда дар низоми бонкӣ).

Нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ афзоиши устувор доранд

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 16 ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла 1 ташкилоти суғуртавии давлатӣ ва 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ бо 67 филиали худ ба аҳолии ҷумҳурӣ хизматрасониҳои суғуртавиро пешниҳод намуданд.

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2023 нишон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии соҳа афзоиши устувор доштанд, аз ҷумла дороиҳои низом дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,3 фоиз, сармояи умумӣ 21,4 фоиз, сармояи оинномавӣ 19,3 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 57,9 фоиз, мукофотҳои суғуртавӣ 16,8 фоиз ва пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 36,5 фоиз зиёд гардиданд.

Дар маҷмӯъ дар ин давра саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 2,2 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ММД ба 0,6 фоиз баробар шуд.

Миқдори умумии шартномаҳои басташудаи ташкилотҳои суғуртавӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба 1 032 223 млн. адад баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 121 802 адад (13,4%) зиёд шуданд.

Нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳои (ROA) ташкилотҳои суғуртавӣ ба санаи 30 июни соли 2023 9,2 фоиз ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (ROE) 16,2 фоизро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ мутаносибан 4,8 банди фоизӣ ва 8,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Робитаҳои байналмилалӣ самара меоранд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ бо чунин ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Қайд намудан зарур аст, ки ҷалби бештари сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба низоми бонкии кишвар 610,9 млн. доллари ИМА қарз, сармоягузориҳои мустақим ва ҷомадонӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 20,1 фоиз зиёд мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулӣ, пурзӯр намудани танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва ба ин васила нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, пайваста чораҳои дахлдор меандешад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ




Возврат к списку