23 августи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарони вазорату кумитаҳои калидии кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Мусин Багдат Батирбекович баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишасти мазкур ҷонибҳо масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ифтитоҳи мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки сафари кории ҳайати номбурда барои дар амал ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад гузошт.
Таъкид карда шуд, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз қариб дар ҳамаи самтҳо муносибатҳои хуби кориро ба роҳ мондаанд, ки он барои боз ҳам тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахши рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Сипас, Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Мусин Багдат Батирбекович аз ҷониби худ барои ташкили чунин як вохӯрии ҷолиб миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ҷамъомади имрӯза барои боз ҳам тақвият бахшидани татбиқи ҳукумати электронӣ кумаки амалӣ мерасонад.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои ҳаштум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи даҳум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи сиюмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди тараққиёти технологияи рақамии ин кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон хизматрасониҳо аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳои амнияти пойгоҳи маълумотҳо, коркарди онҳо ва дастарасӣ ба онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон қайд намуд, ки омодааст таҷрибаи ғании худро дар ин самт ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Аз ҷумла, омодааст, семинарҳо ва курсҳои омӯзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати омӯзонидани мутахассисони соҳаи ҳукумати электронӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар анҷоми мулоқот намояндагони ҷумҳурӣ - вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, вазири саноат ва рушди технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, директори Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар робита ба рушди рақамикунонӣ ва ба таври электронӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳо ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мукаммал гирифтанд.
Дар фароварди вохӯрӣ намояндагони ҳарду ҷониб дар гурӯҳҳои ихтисосӣ марбут ба бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар шомил шуда, кори худро идома доданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ