30 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, директори департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон Ғаниев Дилшодбек ва директори департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуллоев Зафарро бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфароз гардониданд.
Мукофоти давлатӣ муборак бошад, ҳамкорони гиромӣ!
Шуъбаи матбуоти БМТ