5 сентябри соли 2023 дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори идораи корҳои Бонки миллии Тоҷикистон Пиров Абубакр Исломович барои фаъолияти босамари меҳнатӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода ва Гулбаҳор Назирӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро бо фарорасии 32-юмин солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолати рушди мамлакат ва муҳимтарин омили пешравии ҷомеа буда, маҳз бо шарофати сиёсати сулҳпарваронаву дурандешона ва кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неъмати нодиру бебаҳо ба мо муяссар гардидааст, самимона таҳният гуфта, барои ба даст овардани комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ ва рушди низоми бонкӣ муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории тамоми кормандони соҳаро баён намуда, таъкид бар он дошт, ки дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ бо боварии том изҳор карда шуд, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат соли ҷориро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар кардани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба хизматрасониҳои бонкӣ ва устувории иқтисодӣ миллӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.