Cеминари омӯзишӣ баргузор гардид

Бойгонии ахбор
05.09.2023

Cеминари омӯзишӣ баргузор гардид

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии барномаи таълимӣ ҷиҳати бозомӯзии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) барои соли 2023, аз таърихи 21 то 25 августи соли 2023 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон, семинар дар мавзуи “Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ)”-ро доир намуд.

DSC_0481.JPG

Дар чорабинии мазкур бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои Армения, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин коршиноси байналмилалӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ширкат варзиданд.

Тибқи барномаи тасдиқшуда аз ҷониби кормандони БМТ ба иштирокчиён оид ба асосҳои қонунгузорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, ташкили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, баҳисобгирии муҳосибии амалиётҳои дохилибонкӣ дар БМТ, тартиби таҳия ва тасдиқи буҷети БМТ, тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ тибқи СБҲМ дар БМТ, раванди автоматикунонии фаъолияти хоҷагидорӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) (татбиқи барномаҳои ERP), тартиби андозбандии амалиётҳои БМТ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуданд.

DSC_0578.JPG

Дар навбати худ, иштирокдорони семинар дар бораи ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва баҳисобгирии музди меҳнат, андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ дар Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, оид ба муаммоҳои муосири татбиқи СБҲМ №9 барои бонкҳои марказӣ (миллӣ), ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар Бонки Россия ва дурнамои рушд, таҳия ва аудити ҳисоботи молиявии солонаи Бонки Россия, рӯнамоҳои ҷолиб манзур намуданд.

Дар ҷараёни семинар аз ҷониби масъулини департаменти ҳисобдории БМТ ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуда, дар атрофи мавзуъҳои матраҳшаванда муколамаи пурмуҳтаво баргузор гардид.

DSC_0510.JPG

Иштирокдорони ҳамоиши омӯзишӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди касбию ташкилӣ гузаронидани чорабинии мазкур арзи сипос намуда, иброз доштанд, ки ташкили чунин семинарҳо дар оянда барои тақвияти муносибатҳои минбаъдаи мақомоти баҳисобгирии муҳосибии бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои иштирокдорони чорабинӣ ба манфиати кор хоҳад буд. 

Дар қисмати ҷамъбастии семинар ба иштирокдорони он сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку