Чароғи иқболи миллати мо ҳамеша фурӯзон ва хуршеди Истиқлоли давлати мо ҳамеша дурахшон бод!

Бойгонии ахбор
07.09.2023

Чароғи иқболи миллати мо ҳамеша фурӯзон ва хуршеди Истиқлоли давлати мо ҳамеша дурахшон бод!

7 сентябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, Гулбаҳор Назирӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳи идона доир гардид. 

NBTL1228-1.JPG

Дар чорабинии тантанавӣ инчунин, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ширкат варзид.

Нахуст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо ҷашни бузурги миллӣ-Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоид фароҳам омад, ки асосҳои қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдору устувор шуда, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар муайян гарданд. Муҳимтар аз ҳама, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат муяссар гардид, ки эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллию ватандорӣ дар байни сокинони кишвар боло бурда шуда, Тоҷикистон тадриҷан ба давлати ягонаи ободу шукуфон табдил ёбад.

NBTL1311-2.JPG

Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат Истиқлоли давлатии моро “муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдорию бақои давлат” арзёбӣ кардаанд.

Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки тавсияву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат дар замони Истиқлол нақши калидӣ доранд ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи бонкдорӣ ба ин тавсияву ҳидоятҳо бевосита алоқаманд мебошад. 

NBTL1354-3.JPG

Бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ду маротиба, яъне солҳои 1995 ва 2000-ум ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд ва кишвари мо соҳиби пули миллии худ гашт. Махсусан, ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ на танҳо падидаи муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. 

Таъкид гардид, ки ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид ва дар дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон ва умуман низоми бонкии ҷумҳурӣ тадриҷан ба низоми умумиҷаҳонии бонкӣ шомил шуд. Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ гузаштани низоми бонкии Тоҷикистон ҳамкории моро ба низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар намуд. 

Бо саъйу кӯшиши Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат зина ба зина заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуданд. 

NBTL1296-4.JPG

Бо фароҳам омадани заминаи ҳуқуқӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар низоми муомилоти пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири бонкдорӣ оғоз намуд.

Бо мақсади ҷорӣ намудани маҳсулоти наву муосири бонкӣ ва беҳтар кардани хизматрасонии бонкӣ, айни замон дар мамлакат низоми интернет-банкинг ва мобайл-банкинг татбиқ мегардад, ки бо истифода аз онҳо муштариён метавонанд бемамониат амалиёти пардохтии дохилӣ ва фаромарзиро анҷом диҳанд.

Бахусус, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташкили инфрасохтори муосири низоми пардохт ба пешрафти низоми бонкии мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон, – гуфт Ҳоким Холиқзода, - тайи солҳои охир ба рушди низоми пардохт ва афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар доираи ислоҳоти институтсионалӣ сол то сол ба сӯйи рақамикунонии бахши молиявӣ ҳаракат карда истодааст. Барои мисол, бо мақсади таъмини рушди устувори бозори кортҳои пардохтӣ ҳамчун муҳаррики рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори пардохтӣ соли 2012 дар назди Бонки миллӣ Маркази миллии протсессингӣ ба фаъолият оғоз кард ва дар заминаи он Низоми миллии пардохтии «Корти миллӣ» таъсис дода шуд. 

NBTL1258-5.JPG

Соли 2014 “Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025” таҳия ва қабул карда шуд, ки мақсади он таъмини рушди босуръати низоми пардохтии кишвар мебошад. Дар заминаи стратегияи мазкур соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» қабул гардид, ки ба рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар давоми солҳои 2018-2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон як қатор низомҳои муосир, аз қабили Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо, Низоми клирингӣ ва Амонатгоҳи марказии коғазҳои қиматнок татбиқ карда шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2022 - 2023 барои рушди инфрасохтори пардохтии кишвар лоиҳаҳои «QR-рамзи ягона» ва низоми миллии пардохтии “ВАТАН”-ро таҳия ва амалӣ намуд. 

NBTL12596-6.JPG

Агар ба нишондиҳандаҳои асосии низоми пардохтӣ назар афканем, то 31 июли соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион кортҳои пардохтии бонкӣ, беш аз 7,7 миллион ҳамёнҳои электронӣ, тақрибан 2 000 банкомат, 4 500 POS- терминал ва зиёда аз 20 ҳазор QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур тамоюли зиёдшавӣ дошта, нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб афзоиш ёфтаанд.

Ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) аз соли 2018 то инҷониб аз 5% то 17% афзоиш ёфт.

Таъкид карда шуд, ки 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» қабул гардид, ки тибқи он аз 1 августи соли 2023 қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Қабули Фармони мазкур барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

NBTL1380-7.JPG

Агар ба таври мушаххас нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистонро дар соли 2000 ва соли 2023 муқоиса намоем, мебинем, ки ҳам дар низоми бонкии мамлакат ва ҳам дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин муддати 23 сол тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба миён омадааст.

Сатҳи баланди дониши касбӣ ва маҳорату малака шарти муҳимми пешрафти ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи бонкдорӣ, ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба такмили ихтисоси кормандон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад ва ҳама шароити мусоид дар ин замина фароҳам оварда шудааст.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат бо меҳнати бунёдкорона, садоқатмандӣ ва фарҳанги баланди худ дар таҳкими дастовардҳои Истиқлоли Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳимми ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳамин аст, ки имсол 4 корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати садоқатмандона бо мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шуданд.

NBTL1400-8.JPG

Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк Ҳасан Султон, шоир, муҳаққиқ ва раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, намояндагони Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигарон дар бораи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, мафҳуми он ва соҳибдавлатии миллати тоҷик, таърихи истиқлол ва давлатдорӣ, ҳимояи ин неъмати бебаҳо, ватандӯстӣ, хизматҳои Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, онҳо қайд карданд, ки бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлол муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд, рӯзгори ободи ҳар миллати озодаву озодандеши соҳибхираду соҳибтамаддуни олам, рамзи саодати миллат ва нишони пойдорию бақои давлат барои ҳамаи давру замонҳо мебошад. 

Сипас, бо фармонҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ ва ба муносибати 32–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаи футболи хурд дар байни дастаҳои воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, ки бахшида ба 32-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ҷом ва мукофотҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиши тантанавӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро ба муносибати ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки бо такя ба дигар дастовардҳои давраи Истиқлол рушди босуботи низоми бонкии кишварро мақсади асосӣ ва ҳадафи олии фаъолияти минбаъдаашон қарор диҳанд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку