Бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023, таҳти №95 тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд.
Тибқи қарори мазкур муқаррар карда шудааст, ки тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20 ва 50 дирам, барориши соли 2023 дар қатори тангаҳои гардишии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ