12-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Манилаи Филиппин “Форуми глобалии сиёсат” баргузор гардид. Дар доираи ҳамкориҳо ва тибқи даъватномаи Алянс барои фарогирии молиявӣ (АФМ) дар кори Форум ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раис Толибзода Фирдавс Назримад иштирок намуд.
Форуми мазкур ҳамасола аз ҷониби АФМ ташкил карда шуда, дар доираи он ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ дар самти васеъкунии доираи ҳуқуқ ва имкониятҳои истеъмолкунандагон ва рафтор дар бозор, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ҷамъоварии маълумот дар бораи фарогирии молиявӣ, мутаносибии стандартҳои глобалӣ, омӯзиши тарафайни Стратегияи фарогирии молиявӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва маблағгузории сабзи фарогир, Маҷлиси умумии солонаи АФМ, Ҷаласаи ташаббуси танзимии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) ва маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии Форуми глобалии сиёсат баргузор мегарданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Алянс барои фарогирии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion – AFI) яке аз ташкилотҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ буда, 86 мақомоти давлатии зиёда аз 80 кишвари дунё, аз ҷумла вазоратҳои молия, бонкҳои марказӣ ва мақомоти идоракунии соҳаи молия аъзои он мебошанд. Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб узви Алянс барои фарогирии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion – AFI) буда, дар пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ аз имкониятҳои узвият дар ин ташкилоти мазкур самаранок истифода бурда истодааст
Дар доираи Форум 12 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи 8-уми Маҷлиси умумии солонаи АФМ бо иштироки кишварҳои аъзо, вобаста ба тасдиқ намудани нақшаи стратегии АФМ (марҳилаи 4) барои солҳои 2024-2028, сохтор ва миқдори ҳаққи узвият барои солҳои 2024-2026, манифести Манила ва тағйирот ба Оинномаи АФМ доир гашт, ки дар он ҳайати БМТ бо роҳбарии муовини якуми раис Толибзода Ф.Н. иштирок намуд. Ҳамзамон, дар ин рӯз бо иштироки намояндагони Арманистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ҷаласаи ташаббуси танзимии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) дар мавзуи “Фарогирии хизматрасониҳои молиявӣ дар ECAPI дар солҳои 2023-2025 ва давраи минбаъда” баргузор гардид.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гуруҳҳои корӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои асосӣ ва ҳалли амалии доираи васеи мавзуъҳои фарогирии молиявӣ, таъмини ҳифзи иттилоот (data protection), татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди танзим ва назорат (regtech ва suptech), рушди инфрасохтори молиявии рақамӣ, қобилияти молиявӣ ва саломатии молиявӣ (financial health) бо мулоҳизаҳои андозагирӣ ва усулҳои ҳамгироии онҳо дар Стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ, андозагирии ҳисоботи фарогир оид ба маблағгузории сабз, чаҳорчӯбаи нишондиҳандаҳои саводнокии рақамии молиявӣ, маблағгузории фарогирии гендерӣ муҳокимаронӣ намуданд.
Инчунин, дар гурӯҳҳои корӣ таҷрибаи аъзо дар самти пешбурди назорати молиявӣ ва татбиқи стандартҳои нави байналмилалӣ, роҳҳои иноватсионии ҳамгироии ҷавонон ба фарогирии молиявӣ, нишондиҳандаҳои мақсаднок, муҳиммияти рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, ҷамъоварии маьлумот ва заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт ва ноил шудан ба ҳадафҳои асосӣ ва тавсеаи маблағгузории сабзи фарогир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
14 сентябри соли ҷорӣ оғози “Форуми глобалии сиёсат” бо иштироки директори иҷроияи АФМ ҷаноби Алфред Ханниг, раиси Бонки марказии Филиппин Эли М. Ремолона, раиси Бонки захиравии Фиҷи ва раиси Раёсати АФМ Арифф Али баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони БМТ иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур дастовардҳои АФМ вобаста ба фарогирии молиявӣ ва таҷрибаи Филиппин дар самти рушди самтҳои хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ба даст овардани муваффақият дар татбиқи уҳдадориҳо тибқи Эъломияи Мая рӯнамо гардид.
Ҷамъбасти Форуми глобалии сиёсат 15 сентябри соли равон баргузор гардид, ки дар рафти он кишварҳои фаъол сазовори ҷоизаҳо гаштанд.
Бинобар ин, ба роҳбари ҳайати Бонки милии Тоҷикистон, ки яке аз узви фаъоли АФМ дар самти рушди хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла рушди хизматрасониҳои молиявӣ барои занон ва ҷавонон ба шумор меравад, ҷоизаи “Сафир оид ба маблағгузории фарогирии гендерӣ” супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар таърихи ҳамкории Тоҷикистон бо АФМ Форуми глобалии сиёсат бо сухани хотимавии роҳбари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон пӯшида эълон гардид.
Қобили қайд аст, ки дар ҳошияи Форуми болозикр ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раис дар якчанд вохӯрии дуҷониба ширкат варзид:
Аз ҷумла, Фирдавс Толибзода бо муовини раиси Бонки марказии Филиппин Бернадетте Ромуло-Пуйат вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла роҳандозии муносибатҳои муросилотӣ ва ҷалби кумаки техникию машваратӣ барои рушди самтҳои муҳимми фаъолияти низоми бонкии ду кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Илова бар ин, мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Мей Абулнага – муовини якум, масъули идораи техникии раиси Бонки марказии Миср баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва фарогирии молиявӣ муҳокима гардиданд.
Дар доираи баргузории Форуми зикргардида вохӯрии роҳбари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо Венди Телеки, роҳбари Котиботи Ташаббуси молиявии занони соҳибкор (Women Entrepreneurs Finance Initiative – We-Fi) дар Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаи ҷорӣ намудани Тартиби маблағгузории занони соҳибкор (Women Entrepreneurs Finance Code – WeFinanceCode) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Венди Телеки вобаста ба ҳадафҳо ва имкониятҳо дар доираи Тартиби зикргардида, шарикони татбиқи Тартиб ва ғайра маълумот пешниҳод намуда, оид ба занони соҳибкори муваффақи кишвар ҷиҳати татбиқи ҳуҷҷати мазкур маълумот дархост намуд.
15 сентябри соли 2023 бо мақсади табодули таҷриба дар самти фарогирии молиявӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар таҳия ва татбиқи Стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ, дастрасӣ ба маблағгузории сабз вохӯрии Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи АФМ ҷаноби Алфред Ханниг баргузор гардид.
Ҷаноби Алфред Ханниг барои ҳамкории пурсамар ва иштироки фаъолонаи кишвар дар фаъолияти АФМ изҳори минатдорӣ намуда, вобаста ба нақши муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фарогирии молиявӣ андешаҳояшро баён намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки моҳи апрели соли 2017 ду ҷаласаи гуруҳҳои кории АФМ бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузаронида шуданд ва дар кори онҳо зиёда аз 80 нафар аз 57 кишвари аъзои АФМ ширкат варзиданд.
Дар робита ба ин, директори иҷроияи АФМ хоҳиш ва омодагии худро ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои минбаъдаи АФМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.