Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023, таҳти №96 бинобар иваз шудани номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7 ва 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 03 июли соли 2019, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 01 июли соли 2019, №72 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Департаменти назорати бонкӣ ва идораи низоми пардохт уҳдадор гардиданд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдор ворид намоянд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ