Ташрифи ҳайати БАТР ба БМТ

Бойгонии ахбор
25.09.2023

Ташрифи ҳайати БАТР ба БМТ

25 сентябри соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ҷаноби Франсис Малиж вохӯрӣ анҷом дод.

NBTL2041.JPG

Дар мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ ва Кавқоз ва Туркия Георгий Орлов, роҳбари амалиёти департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, директор оид ба стратегияи иқлим ва татбиқи лоиҳа дар БАТР Мая Хеннеркес, иқтисодчии бахши маблағгузории иқтисоди сабз ва коршиноси БАТР Данин Чунг, директори генералӣ оид ба хавфҳои БАТР Лоуренс Уилсон ва бонкдори пешбари департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ дар Тоҷикистон Баходур Юсупов иштирок намуданд. 

NBTL2061.JPG

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунии бахши молиявӣ ва низоми бонкии кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар оғоз ба БАТР барои ҳамкории бисёрсолаи судманд арзи сипос намуда, қайд кард, ки ин аз зиёд шудани имконияти фаъолияти густурдаи БАТР дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

NBTL2073.JPG

Номбурда саҳми БАТР-ро дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки БАТР бо бахши низоми бонкии кишвар дар ташкили машғулиятҳои бозомӯзӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ки он барои пешрафти иқтисодии кишвар муҳим мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи оғози марҳилаи дуюми маблағгузории иқтисоди сабз, хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармоягузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳавасмандии Бонки миллии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо БАТР мубодилаи афкор намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманд дар оянда омодагии хешро баён намуданд.

NBTL2067.JPG

Зимни мулоқот директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ҷаноби Франсис Малиж қаноатмандона иброз дошт, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ноил гаштааст. 

Мавсуф ҳамчунин, аз ҳамкории мутақобилаи судманди бисёрсолаи БАТР бо низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки БАТР бо истифода аз имконияти мавҷудаи худ дар амалӣ гардонидани ислоҳот дар бахшҳои суғурта ва низоми пардохт, аз ҷумла пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасонии рақамии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” муҳиммияташ бештар гардид, кумакҳои техникӣ хоҳад расонд.


Шуъбаи матбуот
БМТ


Возврат к списку