Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2023, таҳти №105 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ЭЙЧ ЭЛ БИ ТОҶИКИСТОН АУДИТ”, барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур идораи назорати суғуртавӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ