БМТ: Ҳоким Холиқзода ва Эрве Жоли мулоқот намуданд

Бойгонии ахбор
26.09.2023

БМТ: Ҳоким Холиқзода ва Эрве Жоли мулоқот намуданд

25 сентябри соли 2023 мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо директори Институти Муттаҳидаи Вена (JVI) ҷаноби Эрве Жоли баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои нави бозомӯзии мутахассисон ва роҳандозии чорабиниҳои таълимӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

NBTL2175.JPG

Дар мулоқот инчунин, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ташрифи директори Институти Муттаҳидаи Вена (JVI) ҷаноби Эрве Жолиро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Институти Муттаҳидаи Вена барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар сатҳи олии ҳирфаӣ доир гашта, мавзуъҳои муҳимми бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкиро дарбар мегирад, миннатдорӣ баён намуд. 

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Институти Муттаҳидаи Вена яке аз институтҳои пешбари молиявӣ маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони ташкилотҳои молиявии давлатӣ ва бонкҳои марказӣ нақши босазо дорад ва саҳми он дар бахши баланд бардоштани дониши тахассусӣ ва омода намудани мутахассисони бахши иқтисод ва молия назаррас арзёбӣ мегардад.

NBTL2169.JPG

Чорабиниҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби Институти мазкур ташкил карда мешаванд, доираи васеъ, аз қабили таҳияи сиёсат ва идораи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории молиявӣ, баҳисобгирии макроиқтисодӣ ва молиявӣ, ҳамчунин дигар мавзуъҳои тахассусиро дар бар мегиранд.

Қайд гардид, ки дар давоми солҳои ҳамкорӣ беш аз 500 нафар кормандони сатҳҳои гуногуни Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои таълимии роҳандозинамудаи Институти мазкур иштирок ва сатҳи донишу малакаи худро баланд намуданд.

NBTL2150.JPG

Директори Институти Муттаҳидаи Вена (JVI) ҷаноби Эрве Жоли барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза барои ташкилоти онҳо хеле муҳим аст. Зеро ин аввалин сафари кории ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, номбурда нахустин мулоқоти худро аз Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуд.

Дар интиҳои суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар ба Институти Муттаҳидаи Вена (JVI) барои ҳамкорӣ ҷиҳати ташкили чорабиниҳои таълимӣ арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд чорабиниҳои таълимӣ барои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Институти мазкур зиёд мегарданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку