Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Бойгонии ахбор
27.09.2023

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

26 сентябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Шуро - раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва ҳузури ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор гардид.

NBTL01.JPG

Дар ин чорабинӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода Саттор, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, муовини якуми раиси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Асо, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода, роҳбар ва аъзои Кумитаи иҷроияи стратегия ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

NBTL02.JPG

Дар ҷаласа масъалаҳои ворид намудани тағйирот дар ҳайати аъзои асосии Шурои ҳамоҳангсозӣ, интихоби муовинони раиси шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисобот оид ба раванди иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023, муҳокимаи раванди иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Шуро Ҳоким Холиқзода бо сухани ифтитоҳӣ ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар доираи татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, таҳти №314 Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шудааст. Дар робита ба ин, пешбурди сиёсати оқилона дар ин самт метавонад ба таъмини суботи низомҳои молиявӣ мусоидат намояд.

NBTL05.JPG

Ҳамчунин, номбурда иброз дошт, ки бо мақсади гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба тасвиб расид, ки ба васеъ гардидани фарогирии молиявӣ дар кишвар тақвият бахшид.

Ҳадафи дигари фарогирии молиявӣ ин беҳтар намудани дастрасӣ ва таъмини хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад, ки барои рушди устувори бахши молиявӣ, солимгардонии фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ нақши муҳим мебозад.

Таъкид карда шуд, ки яке аз сохторҳои идоракунии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Кумитаи иҷроияи он ба ҳисоб меравад ва вазифаи он амалӣ намудани идоракунии ҳамарӯзаи чорабиниҳои Стратегия, ташкил ва дастгирии чорабиниҳои Шурои ҳамоҳангсозӣ ва гурӯҳҳои корӣ мебошад.

NBTL03.JPG

Дар идомаи ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои асосии Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзои Шуро дастгирӣ ёфт.

Ҳамзамон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода муовинони раиси Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Сипас, дар назди ҳозирин бо рӯнамои муфассал оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 роҳбари Кумитаи иҷроияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ – муовини директори пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломзода баромад намуд.

NBTL04.JPG

Номбурда иброз дошт, ки Ҳисоботи мазкур дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикстон ва роҳбарони гурӯҳҳои кории Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ омода гардидааст.

Қайд карда шуд, ки оид ба корҳои иҷрошудаи Нақшаи чорабиниҳои Стратегия дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои муваззафгардида ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

NBTL06.JPG

Дар қисмати муҳокимаи раванди иҷрои бандҳои Нақшаи чорабаниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари аъзои Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд

Дар хотимаи ҷаласа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баромад намуда, аъзои Шуроро барои саҳм гузоштан дар таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 даъват намуд.

     

Шуъбаи матбуоти
БМТ

 

 

 

 

 

 

 


Возврат к списку