27 сентябри соли 2023 дар доираи кумаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ки аз ҷониби гурӯҳи TA Consult татбиқ мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари департаменти амалиётии БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, бонкдори пешбари департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ дар Тоҷикистон Баҳодур Юсупов, коршиносони байналмилалӣ дар ҳайати Марианна Лемикс-Сарамандич, Ирина Лекса, Стефан Сарамандич, роҳбарони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Нахуст мизи мудавварро намояндаи БАТР Ҷаҳонгир Шамсиев ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳим ва аввалини БАТР дар соҳаи суғурта маҳсуб ёфта, барои таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
Сипас роҳбари гурӯҳи кории TA Consult Марианна Лемикс-Сарамандич дар назди ҳозирин бо рӯнамо таҳти унвони “Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта” баромад намуда, бо маълумоти пурра ва таҳлилҳои амиқ вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи кишварро баррасӣ кард. Ҳамчунин, номбурда таваҷҷуҳи иштирокдорони бозори суғуртаро ба муҳокима ва таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди бозори суғурта, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои рушди бозори суғурта ва раванди назорати он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон равона карда шудааст, ҷалб намуд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад оид ба вазъи бозори суғурта ибрози назар намуда, қайд кард, ки суғурта дар ҷаҳони муосир яке аз бахшҳои муҳимми низоми молиявӣ маҳсуб ёфта, имрӯз он бо роҳнамоиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои бевоситаи мақоми назорати суғуртавӣ ва ҳамкории судманди ташкилотҳои суғуртавии кишвар рушд карда истодааст.
Махсусан қайд гардид, ки ҳисоботи мазкур баҳри густариш ёфтани рушди бозори суғуртаи кишвар бо ташабуси Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР аз ҷониби коршиносони гурӯҳи TA Consult омода карда шудааст, ки минбаъд дар таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта истифода мешавад ва он дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
Мавсуф қайд кард, ки ҳисоботи таҳияшудаи коршиносони байналмилалӣ мустақил буда, дар баробари инъикоси вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастовард ва мушкилоти мавҷудаи соҳаро дар бар мегирад. Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти ҷойдошта аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда шавад.
Дар қисмати ҷамъбасти ҷаласа оид ба ҷанбаҳои мухталифи рӯнамои “Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта”, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалии гурӯҳи TA Consult омода ва пешниҳод карда шудааст, миёни аҳли нишаст табодули афкор сурат гирифт ва иштирокдорони мизи мудаввар ҷиҳати беҳтар кардани вазъи бозори суғурта ва саҳми он дар рушди иқтисоди мамлакат пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ