Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ

Бойгонии ахбор
02.10.2023

Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ

29 сентябри соли 2023 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо мудири бахши робита бо ташкилотҳои давлатӣ ва суратҳисобҳои ғайрибонкии Бонки марказии Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ мулоқот намуд. 

Нахуст Фирдавс Толибзода ташрифи намояндаи АМА-ро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза барои тақвият бахшидани рушди ҳамкориҳо дар сатҳи нав миёни ҳарду кишвар заминаи мусоид ба миён меорад. 

NBTL01.JPG

Номбурда изҳор намуд, ки феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамонияти сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити хуби фаъолият ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал муҳайё карда шудааст.

NBT02.JPG 

Ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ зимни суханронии худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт. Мавсуф қайд кард, ки ташрифи соҳибкорону сармоягузорони АМА ҷиҳати пайгирии раванди татбиқшавии санадҳои ҳамкории баимзорасида байни соҳибкорони ду кишвар дар рафти баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 барои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ такони нав хоҳад бахшид. 

NBTL03.jpg

Зимни мулоқот махсус масъалаҳои марбут ба кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои АМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии АМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла табодули маълумот ва омӯзиши таҷрибаи АМА дар самти бонкдории исломӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд. 

Тавре номбурда қайд намуд, ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, роҳандозии ҳамкориҳо бо АМА дар ин самт барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахшҳои бонкӣ ва суғурта мувофиқи мақсад мебошад. 

NBTL04.jpg

Илова бар ин, ҷонибҳо бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни бонкҳои марказии АМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи бахши бонкӣ ва ба имзо расонидани лоиҳаи нави Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 

Дар интиҳои вохӯрӣ мусоҳибон барои мулоқоти судманд арзи сипос намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн хоҳанд буд, омодагии худро баён карданд. 

Шуъбаи матбуоти
БМТ

 

 


Возврат к списку