23 сентябри соли 2023 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, аз ҷумла иҷрои корҳо дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявии рақамӣ дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар 3 қисм баргузор гашта, дар қисмати аввали он “Намоиши маҳсулоти бонкӣ”-и ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва маҳсулоти истеҳсоли соҳибкорони инфиродӣ муаррифӣ ва пешкаши иштирокдорони фестивал гардонида шуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби маркази дилхушии кӯдаконаи “Радуга чудес” барои кӯдакон ва наврасон бозиҳои зеҳнӣ, саволу ҷавобҳо, кроссвордҳо ва дигар машғулиятҳои шавқовар гузаронида шуд.
Дар қисмати дуввуми фестивал “Форуми саводнокии молиявӣ” доир гардид. Онро муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон Саидҷон ифтитоҳ намуда, оид ба зарурияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ суханронӣ намуд.
Дар идомаи ҳамоиш сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродалиев ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии мамлакат баромад намуд.
Сипас, мутахассисони соҳаи бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои “Муҳиммияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ”, “Трансформатсияи рақамии бонк ва пардохтҳои ғайринақдӣ”, “Пешгирии амалиётҳои қаллобон дар низоми молиявӣ”, “Муносибат ва таҷрибаҳои интиқоли маблағ, қабул ва сармоягузории маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон” ва “Саводнокии молиявӣ дар рушди тиҷорат” бо рӯнамоҳои ҷолиб дар назди ҳозирин баромад намуданд. Дар идомаи қисмати дуюми “Форуми саводнокии молиявӣ” вобаста ба рӯнамоиҳои манзургашта миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт ва нафароне, ки ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Дар бахши ҷамъбастии чорабинӣ барои ҳозирин барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ ва табъи иштирокчиёни фестивалро болида намуданд.