4 октябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва иштироки муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, Гулбаҳор Назирӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Номбурда изҳор дошт, ки Қонуни забони давлатӣ пештар аз даврони Истиқлол, яъне 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд. Дар робита ба ин, қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин қонунро дар таҳкими истиқлолияти фарҳангии кишвар омили бузург арзёбӣ карда, бори нахуст аз минбарҳои баланди чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ бо забони модарӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамин тавр, ба туфайли кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар марҳилаи нави татбиқи Қонуни забон шуруъ шуд.
Ба ин тартиб, ба туфайли чорабиниҳои пай дар пайи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи Қонуни забон суръати бештар пайдо кард.
Чунончи, Сарвари давлат дар мавриди амалӣ намудани Қонуни забон фармудаанд: «Вазифаи ҷонии мову Шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таҳқиқи илмӣ ва таълими ҳаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворои ноби тоҷикиро аз олоишҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок созем».
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ Фирдавс Толибзода таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлатӣ миллӣ имкон фароҳам омад, ки забони тоҷикӣ бе маҳдудият дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи васеъ қарор бигирад.
Ҳамчунин бо мақсади рушду тавсеаи бештари забони модарӣ соли 2008 бо амри Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли забони тоҷикӣ эълон гардид. Ин иқдоми Сарвари давлат соҳибони забонро водор намуд, ки барои рушду такомули забони модарӣ бештар кӯшиш намоянд, то ки забони давлатӣ забони фарогири корӣ ва муошират, забони ҷавобгӯи талабу хостаҳои замон бошад. Аз ин рӯ, ҳифз кардани забони модарӣ на танҳо вазифаи муқаддаси ҳар шахс, балки вазифаи муқаддаси тамоми аҳли ҷомеа, аз ҷумла кормандони низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд карда шуд, ки аз соли 1997 сар карда, дар Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ ҷиддан ба роҳ монда шуда, таҳияи ҳамаи дастурамалҳо, низомномаҳо, лавҳаву овезаҳо ва маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамаи коргузорӣ ва санаднигорӣ дар тамоми идораю шуъбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо забони давлатӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон Фирдавс Толибзода ёдовар шуд, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999 дар Бонки миллии Тоҷикистон Комиссияи назорати татбиқи Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, ки он татбиқи амалӣ ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар ҳамаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва Шуъбаҳои минтақавии Бонки миллӣ назорат менамояд.
Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк Ҳасан Султон ва намояндагони Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ”суханронӣ ва порчаҳои шеъриро аз эҷодиёти адибони барҷастаи тоҷик қироат намуданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиши тантанавӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки забони ширину гуворои модариро пос доранд ва дар рушду нумуи он саҳмгузор бошанд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ