28 сентябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон дуюмин ҷаласаи Шурои комплаенс бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), аз ҷумла вазоратҳои адлия, молия, хадамоти алоқа, инчунин намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавии кишвар баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари Шуро (Мирзоалиев Ҳ.С. – директори департаменти мониторинги молиявӣ) оғоз намуда, ба ҳозирин оид ба паёмадҳои ногувори ҷаҳони имрӯза, аз қабили таҳдидҳо ва маблағгузорӣ ба терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин зиёд гардидани амалҳои қаллобӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бо роҳи ташвиқот ва рекламаҳои бардурӯғ тавассути фазои интернетӣ бо мақсади гирифтани даромади муфт маълумот манзур намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки барои пешгирии чунин зуҳурот якҷо кӯшишу талош намоянд.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ бо рӯнамоҳо оид ба тағйироти баамаломада дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, раванди ҳисоботсупорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни муҳокимарониҳо кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдори рӯзномаи ҷаласа фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, вобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ ҷиҳати беҳтар кардани низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ пешниҳодҳо манзур намуданд.
Департаменти мониторинги
молиявӣ