9 октябри соли 2023 бо мақсади иштирок дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки 9 октябр оғоз ёфта, то 15 октябри соли 2023 идома меёбанд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ба шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш сафар намуданд.
Дар ҳошияи ҷаласаҳои мазкур Ҳоким Холиқзода ва Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Миёнаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Ҷиҳад Азур, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани ва бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Лӣ вохӯрӣ ва мулоқотҳо анҷом доданд.
Ҷонибҳо зимни суҳбатҳои ҷолиб ва судманд вазъи иқтисодии кишварро баррасӣ намуда, масъалаҳои сармоягузорӣ, бахусус ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт андешаҳои худро баён ва оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои мавриди назар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯриҳо тарафҳо ислоҳотҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ