Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан мулоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки муносибатҳои кишварҳои мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт рӯз то рӯз инкишоф меёбанд.
Раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан низ сатҳи хуби ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд намуда, барои боз ҳам тавсеа бахшидани онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкии Тоҷикистон омодагии хешро иброз дошт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти идомаи ҳамкориро дар самти баланд бардоштани иқтидори кормандони Бонки миллӣ дар бахшҳои идоракунии хавфҳои амалиётӣ ва ҳисобдорӣ, ташкили сафари мутахассисони Бонки миллии Швейтсария ба Душанбе дар соли оянда барои гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ва машваратҳо баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот Ҳоким Холиқзода ва ҷаноби Томас Йордан бори дигар ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд омодагии худро баён доштанд.