Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш, вохӯрии мамлакатхои электорат дар ҷаласаҳои солонаи ХБА/БҶ 2023 ширкат ва суханронӣ намуд.
Мавсуф зимни суханронии худ нақши ХБА ва Бонки Ҷаҳониро дар пешбурди муколамаҳои бисёрҷониба миёни кишварҳои узв ва баррасии ошкорои мушкилот ва вазъи ҷаҳони имрӯза муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, ки дар “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026” пешбинӣ шудааст, инчунин таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии иқдомҳои молиявии инноватсионӣ маълумоти мушаххас пешниҳод кард.
Ҳоким Холиқзода дар бахши ҷамъбастии суханронии худ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ кардани ислоҳоти сохторӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат самти асосиро муайян намудааст ва ҷанбаи муҳими ин раванд ба роҳ мондани музокираву машваратҳои созанда бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.