Президенти Тоҷикистон дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши асосӣ доранд

Бойгонии ахбор
15.11.2023

Президенти Тоҷикистон дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши асосӣ доранд

Гузориш аз ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 ноябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз ба ифтихори таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

NBTL4269-1.JPG

Дар ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии санаҳои барои халқу миллати тоҷик сарнавиштсоз ва муҳим таҳният гуфта, иброз дошт, ки аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими адои савганд ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд.

Маҳз ибтидо аз ҳамин санаи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории миллӣ мутобиқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр оғоз гардида, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Президентии Тоҷикистон ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.

NBTL4256-2.JPG

Илова бар ин, қайд гардид, ки Рӯзи Президент бо кору пайкор ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад.

Зимни суханронии худ Фируз Шарифзода иброз дошт, ки дар таърихи 9 сентябри соли 1991 эълон шудани истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти мамлакат заминаи мусоид муҳайё гардид. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз давлату миллат ба сарвари шуҷову далер ва хирадманду дурандеше ниёз дошт, то ки ӯ битавонад тақдири давлату миллатро комилан ба дасти худ гирифта, мамлакатро аз гирдоби фалокати низоҳои дохилӣ наҷот диҳад ва ҳамрайъи ормону мақсадҳои мардум, ки дар Конститутсия баён гардидаанд, бошад.

Хушбахтона, дар он рӯзгори ниҳоят сахту душвор маърифату дурандешии халқ вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар атрофи манфиатҳои миллӣ сарҷамъ оварда, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарори тақдирсоз раҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки аллакай саҳми бузурги худро ҳамчун вакил ва сиёсатмадор, бо хислатҳои баланди инсонӣ ва роҳбарию ташкилотчигӣ дар фаъолияти Шурои Олӣ ва ҳаёти сиёсии Тоҷикистон гузошта буданд, вогузор гардид.

Дар идомаи ҳамоиш таъкид карда шуд, ки баргузории Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 31-солагии он таҷлил мешавад, дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад. 

NBTL4265-3.JPG

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарӣ расидан мардумро муттаҳид намуда, дар қалби пиру ҷавон шуълаи умед ба ояндаи дурахшонро бедор ва халқро бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Қайд кардан бамаврид, ки бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум, ки намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватану ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” гардиданд. 

Таърихи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи устуворгардонии рукнҳои давлатдории муосири кишвар, ҳамчун шахсияти барҷаста ва номбардори миллати тоҷик, дар вазъияти барои кишвар мураккабу ҳассос, роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, ваҳдату субот ва осоиши мардум, инчунин мақому нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуданд. 

NBTL4263-4.JPG

Сипас, номбурда иброз дошт, ки маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон соҳиби пули миллии худ гардид. Дар таърихи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани пули миллии кишвар “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, қабул карда шуд. Фармони мазкур, ҳамчун эҳёи ниёгон ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди гузаштагону наслҳои оянда аҳамияти таърихӣ дорад. 

Имрӯз пули миллии Тоҷикистон на танҳо василаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Метавон гуфт, ки пули миллӣ ҳамчунин рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, барои иқтисодиёти рӯ ба инкишофи ҷумҳурӣ воситаи боэътимоди муомилот хизмат карда истодааст.

Дар робита ба гуфтаҳои боло таъкид карда шуд, ки яке аз вазифаҳои муҳимми кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии мамлакат андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи бештар устувор намудани боварии аҳолии кишвар ва давлатҳои дигар ба низоми пулию бонкии Тоҷикистон мебошад. 

Дар ин раванд, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллӣ ва низоми бонкӣ барои давраи кутоҳмуҳлат, ривоҷ додани низоми электронии пардохт ва фаъолияти босамари он, кортҳои пардохтӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии нави муосир мебошад, ки дар замони рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ривоҷ ёфтани иқтисоди рақамӣ, хеле муҳим ба шумор меравад.

NBTL4288-5.JPG

Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Ҳасани Султон ва намояндагонии Шӯрои ҷавонони бонк дар мавзуи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ ва порчаҳои шеъриро аз эҷодиёти адибони намоёни тоҷик қироат намуданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз дар қисмати ҷамъбастии чорабинии тантанавӣ бо истифода аз фурсати муносиб аҳли нишастро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бо боварӣ изҳор дошт, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку