Ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид

Бойгонии ахбор
21.11.2023

Ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид

20 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид.

01.JPG

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарух Султонов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ришар Ченевард оғоз намуда, бо истифода аз рӯнамоҳои муфассал андешаҳои худро дар бораи аҳамият, саҳм ва татбиқи лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, ки чаҳор сол идома ёфт, баён намуданд.

02.JPG

Зимни суханронии худ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ба Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ барои ҳамкориҳои пурмаҳсул ва дастгирии пайвастаи лоиҳаҳои ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронидашуда ва саҳми он дар солимгардонии бахши бонкӣ тавассути расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ, аз ҷумла ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

03.JPG

Мавсуф таъкид намуд, ки ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои таъмини рушди устувори низоми молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

04.JPG

Изҳор карда шуд, ки дар шароити имрӯзаи рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ, фарогирии молиявӣ воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои босифати молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди устувори низоми молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар нақши муҳим мебозад.

05.JPG

Бинобар ин, ҷиҳати таҳия ва амалӣ намудани “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ”, байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Созишномаи ҳамкорӣ дар хусуси ҷалби кумаки техникӣ ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

06.JPG

Гулбаҳор Назирӣ таъкид бар он дошт, ки дар Стратегияи мазкур бахши махсуси маҷмуӣ оид ба васеъ кардани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон ва ҷавонон муайян карда шудааст, ки ин ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва рушди иҷтимоии ҷавонон бевосита таъсири мусбӣ мерасонад.

Оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ мудири лоиҳаи CAFINC (IFC) хонум Сакши Варма суханронӣ намуда, аз ҷамъбасти кор дар самти зикршуда изҳори қаноатмандӣ намуд.

07.jpg

Иштирокдорони ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ оид ба фарогирии молиявӣ кори худро дар панели алоҳида, ки ба “Дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон: натиҷаҳо ва иҷрои корҳои минбаъда” бахшида шуда буд, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломзода, директори Ассотсиатисияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Зебо Фаттидинова, директори идораи хавфҳо, узви раёсати ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” Умед Юсупов суханронӣ карданд.

08.JPG

Сипас дар қисмати ҷамъбастии чорабинии мазкур аз ҷониби мутахассисони лоиҳаи CAFINC (IFC) Фарангис Усмонова, Зарина Бобоалиева ва Ренука Пай дар мавзӯи воситаҳои саводнокии молиявӣ ва чорабиниҳои таълимию фароғатӣ видеороликҳои шавқовар бо истифода аз таҷрибаҳои иҷтимоӣ манзури аҳли нишаст гардонида шуданд. 

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку