Раванди баргузории “Баҳодиҳии навбатии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” (БХМ ҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
27.11.2023

Раванди баргузории “Баҳодиҳии навбатии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” (БХМ ҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии навбатии хавфи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ) дар доираи ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе идома дорад. Бо ин мақсад сафари дуюми коршиноси сатҳи байналмилалӣ 20-24 ноябри соли 2023 ба ҷумҳурӣ сурат гирифта, дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар як қатор вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо лоиҳаи ҳисоботи таҳияшудаи БХМ ҚД/МТ бо аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ таҳти роҳбарии Сироҷзода Сайфиддин – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

1.JPG

Дар давоми ҳафта бо иштирокдорон лоиҳаи ҳисоботи зикршуда, ки дар он таҳдидҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар бахшҳои гуногун, инчунин осебпазирӣ дар ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи кишвар арзёбӣ мешаванд, муҳокима гардиданд.

Қайд гардид, ки дар баҳодиҳӣ бевосита хавфҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ дар сатҳи миллӣ арзёбӣ мешаванд ва дар заминаи он ҷиҳати чораҷӯӣ ва бартараф кардани хавфҳо нақшаи чорабиниҳо тартиб дода мешавад.

02.JPG

Дар натиҷаи мулоқотҳои баргузоргардида қарор дода шуд, ки иттилооти аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ пешниҳодшуда, дар ҳисоботи ниҳоӣ бо назардошти таҳдидҳо, осебпазирӣ ва оқибатҳои имконпазири хавфҳо истифода бурда шаванд.

Дар назар аст, ки баъд аз ҷонибдорӣ шудани лоиҳаи ҳисобот аз тарафи Гурӯҳи корӣ, шакли ниҳоии он дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ амал менамояд, тасдиқ гардад.

Департаменти
мониторинги молиявӣ


Возврат к списку