Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
29.11.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаи холии зерин 

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд

Шуъбаи ҳисобдорӣ:

Мутахассиси пешбар (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олӣ - муҳосибӣ;

  • Дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • Дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;

  • Доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 2 сол;

  • Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;

  • Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани барномаи 1С;

  • Доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад;

  • Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;

  • маълумотнома (справка-объективка);

  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;

  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);

  • расм 3 дона андозаи 3х4;

  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);

  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);

  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);

  •  маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;

  •  нусхаи билети ҳарбӣ;

  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);

  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН). 

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза баъд аз соати 14:00  дар нишонии зерин шуруъ мегардад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон

  • телефонҳо барои маълумот: (44) 600-31-18, 600-32-11 ва

  • Вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, кучаи Камоли Хуҷандӣ 168

  • телефонҳо барои тамос: (44) 630-06-57,630-06-39                                                               

  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19 декабри с. 2023



Возврат к списку