7 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси” Форуми дурӯзаи молиявӣ таҳти унвони “Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфросохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя” бо
иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир, директори GIZ дар Тоҷикистон хонум Сабине Олтхоф, директори Дафтари Швейтсария, Консули консулгарии Швейтсария дар
Тоҷикистон хонум Саломе Штайб, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел, намояндаи доимии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Фарух Султонов,
менеҷери генералии “Master card” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Рафал Трепка, аъзои Шӯрои директорони MFC, директори генералии “Crystal Georgia” ҷаноби Арчил Бакурадзе, роҳбарони
ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва масъулини ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми молиявӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иштирокчиёни форумро хайрамақдам гуфта, ба Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои ҳамкории судманд ва ташкили ҳамоиши бошукуҳ изҳори сипос намуд.
Сипас, аз ҷониби муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар фазои тантанавӣ ба кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ нишони Аълочии маблағгузории хурд ва Дипломи фахрӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, байни IPC GmbH (Олмон) ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон созишномаи ҳамкории васеъ оид ба дастгирии рушди бахши молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки форуми мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо мусиодат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон,
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, GIZ (Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TREGGER) ташкил карда шудаст.