Баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таъмини самарабахшии низоми миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

Бойгонии ахбор
25.12.2023

Баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таъмини самарабахшии низоми миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

Тибқи барномаи омӯзишии Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2023, рӯзҳои 18-20 октябр дар шаҳри Бохтар, 8-10 ноябр дар шаҳри Кӯлоб ва 14-16 ноябр дар шаҳри Хуҷанд барои кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии ин минтақаҳо бо иштироки намояндагони Департамент чорабиниҳои омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардиданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), инчунин фаъолияти амалӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.

NBTL6911.JPG

Қайд кардан бамаврид аст, ки бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ воқиф набудани кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар аз донишу фаҳмиши самти МҚД/МТ/МПСҚО, ҳолати мазкур ба иҷро нагардидани талаботи калидии соҳа боис мегардад. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки дар чорабиниҳои омӯзишӣ дар қатори масъулини соҳа, инчунин намояндагони зерсохторҳое, ки бештар бо муштариён хизматрасонии бонкиро амалӣ менамоянд (хусусан амалиётгар-нозирони филиалу марказҳои хизматрасонии бонкҳо), ширкат варзанд.

Чорабинии омӯзишии ҷамъбастӣ 13-15 декабри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии молиявии дар шаҳри Душанбе қарордошта баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳалим Мирзоалиев, директори департаменти мониторинги молиявӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки дар амалӣ намудани чораҳои МҚД/МТ/МПСҚО нақши ташкилотҳои қарзии молиявӣ муҳим ва назаррас буда, танҳо дастаҷамъона ва бо ҳамоҳангсозии амалҳои якдигар хавфҳои марбут ба ҚД/МТ/МПСҚО - ро пешгирӣ кардан имконпазир аст.

Ҳалим Мирзоалиев қайд намуд, ки ҳатто зимни кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бонкҳои хориҷӣ нахуст фаъолияти контрагенти худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО баҳогузорӣ менамоянд ва дар сурати нокифоя ҳисобидани он метавонанд ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотиро рад кунанд. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, ҷиҳати беҳтар намудани низоми назорати дохилии ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мунтазам чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.

NBTL7052.JPG

Дар чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар аксари минтақаҳои кишвар баргузор шуданд, аз ҷониби кормандони департамент ба иштирокдорон рӯнамоҳои муфассал дар мавзуъҳои гуногун вобаста ба фаъолияти умумӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" дар таҳрири нав, дастурамали №257 “Дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ”, таҷрибаи пешқадами мақомоти иктишофи молиявӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ), ошкорнамоии ҳолатҳои маблағгузории терроризм бо истифода аз асъорҳои рақамӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он манзур гардиданд.        

Лозим ба ёдоварист, ки дар чорабиниҳои омӯзишӣ зиёда аз 250 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ширкат варзиданд ва дар ҷамъбасти онҳо ба иштирокдорон сертификати хатми курси мазкур супорида шуд.

    

Департаменти 
мониторинги молиявӣ


Возврат к списку