Нахустин барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод

Бойгонии ахбор
09.01.2024

Нахустин барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод

9 январи соли 2024 бо ибтикори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муаррифии шартҳои барориш ва ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки мақсади асосии он рушд ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон ҷиҳати шиносоӣ бо воситаҳои молиявӣ - коғазҳои қиматноки давлатӣ мебошад.

1.jpg

Дар чорабинии мазкур вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ширкат варзиданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки масъалаҳои рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ яке аз унсурҳои муҳимми бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, истифодаи коғазҳои қиматнок ба сифати гарави гирифтани қарз ва дар ин замина такмили фишангҳои танзими муомилоти пулӣ мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки ташкили бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва инфрасохтори дахлдор яке аз шартҳои асосии гузариш ба иқтисоди бозорӣ маҳсуб ёфта, яке аз омилҳои пешбаранда ва калидии бозори коғазҳои қиматнок дар мамлакат ривоҷ додани бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ мебошад.

02.jpg

“Ин раванд тараққиёти низоми молиявиро ба сатҳи боз ҳам баланд бароварда, устувории қарзи давлатиро дар давраи дарозмуддат таъмин менамояд ва шароити мусоидро барои татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ, инчунин ташаккули бахши молиявии мамлакат фароҳам меорад”, - таъкид дошт Ҳ.Холиқзода.

Дар идомаи суханронӣ қайд гардид, ки сарфи назар аз таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ корҳои муайян анҷом дода шудаанд.

Дар ин радиф Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани номукаммалии ҷойдошта як қатор ислоҳоти фарогир, аз ҷумла қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва таъмини инфрасохтори ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро амалӣ намуд.

03.jpg

Гуфта шуд, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ бозори муосири коғазҳои киматноки давлатӣ ба рушди бозори такрории он ва баланд бардоштани сатҳи тиҷорати касбӣ мусоидат менамояд ва ҳамчун замонати дороиҳои пардохтпазиру боэътимод барои таъмини саривақтии маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар фароварди суханронӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иқдоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шарту механизмҳои наву муосир дастгирӣ намуда, омодагии Бонки миллии Тоҷикистонро баҳри ноил гаштан ба мақсади ягона, ки аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар муайян шудааст, бахусус барои рушди бозори коғазҳои қиматноки такрорӣ ва ҷалби маблағгузории дохилӣ иброз дошт.

 

Шуъбаи матбуоти
БМТ

 

 


Возврат к списку