Дар бораи ҶСП ТҚХ “Барҳақ”

Бойгонии ахбор
18.01.2024

Дар бораи ҶСП ТҚХ “Барҳақ”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2024, №9 дар асоси моддаҳои 6, 10 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бинобар сабаби аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳии ҶСП ТҚХ “Барҳақ” сари вақт таъмин накардани раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва иҷро накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гардид ва аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ин хусус ба суд ариза пешниҳод карда шуд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку