Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (“NGFS”) гардид

Бойгонии ахбор
18.01.2024

Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (“NGFS”) гардид

27 декабри соли 2023 тасдиқномаи Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (“NGFS”) дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба NGFS дастрас гардид.

лого БМТ ва NGFS нав.jpg

Бояд қайд кард, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) аз соли 2018 ба ҳайси нозири NGFS аллакай мақоми танзимкунанда ва ниҳодҳои назоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Гурҷистон ва Ҷумҳурии Арманистонро барои узвият ба NGFS дастгирӣ кардааст.

NGFS шабакаи гурӯҳи бонкҳои марказӣ ва мақоми назоратии пруденсиалӣ мебошад, ки дар доираи фаъолияти он кишварҳои аъзо дар самти табодули таҷрибаи пешқадам, саҳмгузорӣ дар рушди идоракунии хавфҳои муҳити зист ва иқлим дар бахши молиявӣ ва ҷалби маблағҳо барои дастгирии раванди гузариш ба иқтисоди устувор ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки 121 бонкҳои марказӣ, аз ҷумла бонкҳои марказии ИМА, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Чин, Гурҷистон ва Ӯзбекистон аъзои шабакаи мазкур буда, дар доираи он табодули таҷриба байни кишварҳои аъзо сурат мегирад.

Ҳадафи шабакаи мазкур муайянсозӣ, пешбурд ва саҳмгузорӣ дар рушди таҷрибаҳои беҳтарин дар дохил ва берун аз узвият дар NGFS, ҳамчунин, гузаронидани корҳои таҳлилӣ оид ба маблағгузории сабз мебошад. Инчунин, иқдоми мазкур ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои “Стратегияи рушди иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2027 ва суръат бахшидан ба раванди татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (2016) мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, интизор меравад, ки шомилшавӣ ба NGFS огоҳии иштирокчиёни бозори молиявиро вобаста ба масъалаҳои иқлимӣ баланд бардошта, ба маблағгузории устувор ва сабз дар Тоҷикистон суръат мебахшад.

 

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку