05.02.2024
				Эълони Озмун
					
 БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 
	 барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
	   
   О З М У Н 
 
	ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
	   
	   Департаменти аудити дохилӣ 
  
    I 
  
	  Аудитори дараҷаи I - шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти 
  фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой) 
  
  Талабот ба номзад:
  
  
	- 
	таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ; 
 
	- 
	донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ; 
 
	- 
	маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ; 
 
	- 
	донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ; 
 
	- 
	доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ; 
 
	- 
	доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ; 
 
	- 
	доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад; 
 
	- 
	малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ; 
 
	- 
	донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад; 
 
	- 
	доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ дар самти аудити дохилӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, низоми назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
 
     II 
  
	  Аудитори дараҷаи I бахши аудити 
                 технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)             
 Талабот ба номзад: 
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ; 
 
	- 
	донистан ва фаҳмидани моделҳо ва стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ; 
 
	- 
	донистани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, фаҳмидани принсипҳои ба роҳ мондани низоми назорати дохилӣ бо ёрии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ; 
 
	- 
	доштани малакаи таҳлили амнияти иттилоотӣ, донистани қоидаҳо ва стандартҳои амнияти технологияҳои иттилоотӣ; 
 
	- 
	доштани малакаи гузаронидани ташхиси равандҳои кории технологияҳои иттилоотӣ, низоми иттилоотӣ ва низоми назорати дохилии технологияҳои иттилоотӣ; 
 
	- 
	доштани малакаи таҳияи методологияҳои аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ; 
 
	- 
	доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ; 
 
	- 
	доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ (CISA), амнияти иттилоотӣ (CISM), технологияҳои иттилоотӣ (CGEIT/COBIT/TOGAF/ITIL) ва аудити дохилӣ (CIA) – афзалият дорад; 
 
	- 
	доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ; 
 
	- 
	донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
 
 III 
  
	  Аудитори дараҷаи III бахши аудити 
                технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)           
 Талабот ба номзад:
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ; 
 
	- 
	доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ); 
 
	- 
	огоҳӣ доштан аз стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ; 
 
	- 
	доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ; 
 
	- 
	донистану фаҳмидани моҳияти СOBIT, COSO, ITIL ва ғайра - афзалият дорад; 
 
	- 
	донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад; 
 
	- 
	таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ.
 
 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 
	- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун; 
 
	- 
	маълумотнома (справка-объективка); 
 
	- 
	варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд; 
 
	- 
	тарҷумаи ҳол (ҳолнома); 
 
	- 
	расм 4 дона андозаи 3х4; 
 
	- 
	нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома); 
 
	- 
	нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом); 
 
	- 
	нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; 
 
	- 
	маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ); 
 
	- 
	маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ; 
 
	- 
	нусхаи билети ҳарбӣ; 
 
	- 
	нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН); 
 
	- 
	нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
 
	 Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 
	 дар нишонии зерин шуруъ мегардад: 
	 ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон 
	 Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11 
	 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 26 феврали соли 2024