16.02.2024
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
ДЕПАРТАМЕНТИ НИЗОМИ ПАРДОХТ
I
Сармутахассиси идораи рушди пардохтҳо
ва интиқоли маблағҳо (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
-
дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низоми пардохтҳои босуръат (IPS), QR-рамз ва ғайра) ё низомҳои мушаххаскунии фосилавӣ;
-
дониши кофӣ вобаста ба хизматрасониҳои муосири молиявии рақамӣ;
-
таҷрибаи корӣ дар татбиқ ва ҳамгироии низомҳои пардохтӣ;
- малакаи кор дар самти дастгирии низомҳои пардохтӣ ва маъмурикунии низомҳои пардохтӣ (идоракунӣ ва маъмурикунии пойгоҳҳои маълумотӣ афзалият дорад);
- доштани дониши кофӣ оид ба кори таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми пардохтӣ;
- малакаи баланди кор бо барномаҳои MS Office (донистани Word, Excel, PowerPoint, Visio – ҳатмӣ), донистани яке забонҳои барномасозӣ афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.
II
Мутахассиси пешбари идораи рушди пардохтҳо ва
интиқоли маблағҳо (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
- дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва хизматрасониҳои муосири молиявии рақамӣ;
- таҷрибаи корӣ дар татбиқ ва ҳамгироии низомҳои пардохтӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми пардохтӣ ва муҳосибот;
- малакаи баланди кор бо барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint - ҳатмӣ);
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.
III
Мутахассиси пешбари идораи таҳлилу танзими
хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
-
маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
-
дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои интиқоли маблағҳо ва низомҳои кортҳои пардохтӣ;
-
донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
-
малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
-
қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
-
маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.
IV
Мутахассиси дараҷаи I идораи таҳлилу танзими
хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 1 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
- дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои интиқоли маблағҳо ва низомҳои кортҳои пардохтӣ;
- донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.
V
Мутахассиси идораи таҳлилу танзими
хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
-
донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
-
малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
-
маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.
VI
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати низоми пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи низоми бонкӣ;
-
доштани малакаи корӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ ва фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
-
донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
-
дониши кофӣ оид ба қоидаҳо ва хусусиятҳо фаъолияти низомҳои пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, аз ҷумла маблағҳои электронӣ, қабули пардохтҳо);
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- малакаи кофии кор бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-
ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 6 марти соли 2024