Қонуни авфи дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон як соли дигар тамдид шуд

Бойгонии ахбор
21.02.2024

Қонуни авфи дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон як соли дигар тамдид шуд

19 феврали соли 2024 ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ҷаласа дар баробари дигар масъалаҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти натиҷаҳои мусбати марҳилаҳои зикршудаи татбиқи қонуни мазкур, ҳавасмандӣ ва муроҷиат барои идома ёфтани ин раванд ва билохира бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардондани иқтисодиёти миллӣ тавассути тақвияти минбаъдаи ҷалби сармоя, бахусус сармояи дохилӣ муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳо ба як соли дигар тамдид карда шуд.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардондани дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

https://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/onuni-avfi-doroi-o-va-mabla-oi-sha-rvandon-yak-soli-digar-tamdid-shud/

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку