7 марти соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои молия ва адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи ҳаштуми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани чораҳои зарурӣ барои рушди таъмини ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ, монеаҳо дар раванди татбиқи низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва рушди бозори ипотека мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти баргузории ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо оид ба масъалаҳои мубрам, аз қабили киберамният дар низоми бонкӣ, раванди гузариши пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ, хавфҳои эҳтимолии фискалӣ, инчунин хавфҳои корхонаҳои давлатӣ муҳокимарониҳо анҷом доданд. Қайд карда шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза бо шиддат гирифтани вазъи геосиёсӣ ва рақобату номуайяниҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ, зиёд гардидани мушкилиҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, ҳамоҳангии зичи вазорату идораҳои калидӣ нақши муассир мебозад.
Дар ин раванд таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ тавассути ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, бахусус вусъат додани ҳисобборакуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт, инчунин эмин нигоҳ доштани низоми молиявӣ аз киберхатарҳо масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар хотимаи ҷаласа, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи иқтидори мавҷуда ва суръат бахшидан ба рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим қайд гардида, ба ин васила қарорҳои марбута дар самти зиёд намудани ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ва истифодаи маҷозӣ ҳангоми анҷом додани хизматрасониҳои пулӣ, коҳиш додани хавфҳои фискалӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ғайра қабул гардиданд.
Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани онҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст.