15.03.2024
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
ИДОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОНИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ
I
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи танзим
ва методология (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
-
доштани таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
-
малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
-
қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
-
донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ;
-
донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.
II
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи саводнокии
молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
-
доштани таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
-
малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
-
қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
-
донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ;
-
донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 4х6;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 8 апрели соли 2024