25.11.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби долл. ИМА 23-24 ноябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,4700-4,4750 сомони ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад дар навбати худ каме паст шуда, мувофиқан ба 1,4170-1,4270 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,9100-5,9600 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Сабаби тағйирёбии қурбҳо дар ин рӯзҳо, паст шудани қурбҳои мазкур дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз, 25 ноябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар худуди 4,4700-4,4780 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ