15.11.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби миёнаи долл. ИМА 12 ноябр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯтадил боқӣ монда, 4,4680-4,4750 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад каме паст шуда, мувофиқан ба 1,4280-1,4380 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,0500-6,1000 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 15 ноябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар ҳудуди 4,4670-4,4730 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе