Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2010

Бойгонии ахбор
21.10.2010

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2010

Натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нӯҳ моҳи соли 2010, дар амал татбиқ намудани сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, қурби пули миллӣ, ҳаҷми интиқолҳо, рушди низоми бонкӣ, пасандозҳо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 21 октябри соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Ҳамон тавре ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, чун нимсолаи аввал дар нӯҳ моҳи соли равон низ инкишофи мӯътадили иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат мушоҳида гардид ва дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд:  1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ  Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар давраи ҳисоботӣ ММД 6,2 фоиз афзуда, ба 17,0 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 банди фоизӣ зиёд аст.  Таваррум. Дар ин давра меъёри таваррум 6,7 фоизро ташкил дод. Дурнамои ин нишондиҳандаи муҳим барои соли ҷорӣ то 9,0 фоиз муайян шудааст.  Қурби сомонӣ нисбати доллари ШМА назар ба оғози сол 0,25 фоиз паст гардид.  Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар нӯҳ моҳи сипаригашта 2634,2 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,6 фоиз зиёд аст, аз ҷумла: содирот 14,0 фоиз зиёд шуда, ба 813,3 млн. долл. ШМА расид, воридот бошад, 0,4 фоиз кам шуда, ба 1820,9 млн. долл. ШМА баробар шуд. Касри тавозуни савдо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,1 фоиз кам шуда 1007,6 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод.  Интиқолҳо. Ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар ин давра ба 1665,4 млн. долл. ШМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,7 фоиз зиёд мебошад.  Вазъи макроиқтисодии кишвар чун моҳҳои пешин ба хавфҳо ва тағйиротҳо дар бозори ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, мӯътадилӣ ва тақвияти бештари нишондиҳандаҳоро инъикос намуд.  2. Сиёсати пулӣ  Дар айни замон меъёри бозтамвил дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои амонатҳо бо пули миллӣ 7,0 фоиз ва барои асъори хориҷӣ 9,0 фоизро ташкил доданд.  Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30 сентябри соли ҷорӣ 2714,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 25,1 фоиз (544,2 млн. сомонӣ) зиёд шуд. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 2,3 млрд. сомониро ташкил кард, ки аз он 20,3 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд.  Дар давраи ҳисоботӣ пулҳои ба муомилот баровардашуда 546,5 млн. сомониро ташкил намуда, 239,2 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.  3. Рушди низоми бонкӣ (малумоти фаврӣ)  Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи ташкилотҳои қарзӣ ба 138 адад расид, аз ҷумла: 14 бонк, 4 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 34 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд, 44 фонди қарзии хурд.  Пасандозҳо (маълумоти фаврӣ). Ба ҳолати 30 сентябри соли равон афзоиши пасандозҳо нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 25,1 фоизро ташкил дода, ба 2,9 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 32,2 фоиз зиёд гардида, 1,3 млрд. сомониро ташкил доданд. Фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 15,68 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,08 фоизро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 0,4 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,7 банди фоизӣ кам гардиданд.  Қарзҳо (маълумоти фаврӣ)  Бақияи қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ 2,0 фоиз зиёд гардида, ба 5,8 млрд. сомонӣ баробар шуд. Дар таркиби он 70,2 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 29,8 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 3,5 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 25,0 фоиз зиёд гардидааст.  Мӯҳлати миёнаи қарзҳо дар давраи ҳисоботӣ барои шахсони воқеӣ 364 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 307 рӯз мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 21,41 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,34 фоизро ташкил доданд.  Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурд 8,2 фоиз зиёд шуда, 1327,9 млн. сомониро ташкил дод.  Низоми пардохт.  Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 3,8 фоиз зиёд гардида, ба 8,3 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 95,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 74,7 фоиз афзудааст.  Алҳол дар ҷумҳурӣ 8 адад бонкҳо – эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият мекунанд ва 117882 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки афзоиши он 85,1 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудани теъдоди банкоматҳо то 208 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 172 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 93 адад мушоҳида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд.  Дар қисмати дуюми вохӯрӣ, ки дар муҳити барои ҷонибҳо шавқовар ва судманд гузашт, намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба навигариҳо ва проблемаҳои низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, ба муомилот ворид шудани нишонаҳои нави пули миллӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, мушкилот ва ҷараёни бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, истифодаи кортҳои пластикӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда таъмини амнияти амонати шаҳрвандон ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку