09.12.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурбҳои миёнаи нақдинаи долл. ИМА ва рубли русӣ 7-8 декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба 4,4750-4,4850 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,4300-1,4380 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуданд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад андаке паст фаромада 5,8500-5,9000 сомониро барои 1 евро ташкил дод. Имрӯз, 9 декабр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар худуди 4,4750-4,4850 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ