Қурби асъорҳои хориҷӣ рӯзҳои истироҳат дар бозори нақд тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
27.12.2010

Қурби асъорҳои хориҷӣ рӯзҳои истироҳат дар бозори нақд тағйир ёфт

Қурби долл. нақди ИМА 24 декабр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ андаке паст шуда ба ҳисоби миёна 4,4800-4,4950 сомониро ташкил дод.  Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад, андаке афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,4550-1,4690 сомонӣ баробар шуд.  Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро чун пештара 5,8800-5,9100 сомониро ташкил дод.  Имрӯз, 27 декабр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар ҳудуди 4,4800-4,4980 сомонӣ қарор гирифт.  Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку