04.01.2011
Тағйирёбии қурби асъорҳои нақди хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби долл. нақди ИМА 31 декабр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке поин рафта, ба ҳисоби миёна 4,4800-4,4950 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ низ каме паст шуда, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,4500-1,4600 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна ҳангоми амалиёт бо евро бошад, дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, 5,8800-5,9000 сомониро барои 1 евро ташкил дод. Имрӯз, 4 январ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар атрофи 4,4800-4,4960 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ