13.01.2011
Қурбҳои доллари ИМА ва евро дар бозори дохилӣ тағйир наёфтанд
11-12 январ қурбҳои долл. ИМА ва евро дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,4900-4,5100 сомонӣ ва 1 евро 5,8000-5,9000 сомониро ташкил дод. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад, андаке афзуда, мувофиқан ба 1,4500-1,4650 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Имрӯз, 13 январ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар ҳудуди 4,4900-4,5100 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ