20.01.2011
Қурби доллари ИМА дар бозори нақд тағйир наёфт
Қурби доллари нақди ИМА 18-19 январ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 4,4950-4,5100 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, боз каме афзуда, ба 1,4800-1,4950 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,9000-5,9500 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 20 январ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфта, чун пештара 4,4950-4,5100 сомониро ташкил дод. Хадамоти матбуоти БМТ