Барои фаъолияти минбаъдаи ҶСК “Соҳибкорбонк” шароити мусоид муҳайё гардид

Бойгонии ахбор
21.01.2011

Барои фаъолияти минбаъдаи ҶСК “Соҳибкорбонк” шароити мусоид муҳайё гардид

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳоди маъмурияти муваққатии ҶСК “Соҳибкорбонк”-ро, ки барои рафъ намудани камбудиҳо ва беҳтар кардани вазъи молиявии бонк таъин шуда буд, баррасӣ намуда, ба хулосае омад, ки дар тӯли фаъолияти маъмурияти муваққатӣ тамоюли назарраси устуворшавии бонк мушоҳида гардид.  Аз ҷумла, қайд гардид, ки таснифи беҳтари сандуқи қарзӣ, баланд намудани сифати дороиҳо, такмили сатҳи ӯҳдадориҳо сари вақт ва пурра анҷом дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи сармояи танзимшаванда мусоидат намуданд.  Вобаста ба ин, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 январи соли равон, таҳти №3 фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба итмомрасида ҳисобида шуда, ба роҳбарияти ҶСК “Соҳибкорбонк” пешниҳод карда шуд, ки барои идома додани беҳтаркунии вазъи молиявӣ, мутобиқ намудани он ба талаботҳои қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад.  Айни замон дида мешавад, ки роҳбарияти бонк дар ин самт қадамҳои устувор ниҳода, таҳияи нақшаҳои зарурӣ ва афзоиши сармояро ҳадафгирӣ намуда истодааст.  Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку