24.01.2011
Вазъи қурби нақдинаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ 21 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан паст шуда, 4,4720-4,4890 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,4800-1,4950 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ташкил дод. Қурби миёнаи евро бошад, андаке афзуда, ба 6,0000-6,0500 сомонӣ баробар шуд. Имрӯз, 24 январ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар ҳудуди 4,4865-4,5053 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ