Вазъи қурби асъорҳои нақди хориҷӣ дар бозори дохилӣ

Бойгонии ахбор
07.10.2010

Вазъи қурби асъорҳои нақди хориҷӣ дар бозори дохилӣ

5-6 октябри соли равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯътадил буд ва дар атрофи, 4,4550-4,4650 сомонӣ қарор дошт.  Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуда, 1,4700-1,4750 сомонӣ ба 10 рубли русӣ ва 6,0200-6,0500 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд.  Имрӯз, яъне 7 октябр, қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе андаке боло рафта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4650-4,4700 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку