13.09.2010
Вазъи қурби нақди асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби миёнаи долл. ИМА рӯзҳои ид ва истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯтадил боқӣ монда, 4,4550-4,4630 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад мувофиқан ба 1,4440-1,4490 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,6300-5,6800 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 13 сентябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4550-4,4640 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ