30.08.2010
Вазъи қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Қурби миёнаи долл. нақди ИМА 27 август ва рӯзҳои истироҳат дар маҷмӯъ каме паст фаромада, 4,4530-4,4580 сомониро ташкил дода буд. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошанд, андаке афзуда, мувофиқан ба 1,4520-1,4570 ва 5,6100-5,6600 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 30 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе боз паст фаромада, дар ҳудуди 4,4520-4,4570 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ